Ба гузориши хабаргузории Абна, Козим Ҷалолӣ дар гуфтугӯ бо хабаргузории ТАСС афзуд: Доктринаи низомии Эрон комилан равшан, масъулиятнок ва бар асоси дифоъ ва боздорӣ аст ва мо ҳеҷ гоҳ оғозкунандаи ҳеҷ ҷанг набудаем.
Вай дар айни ҳол ёдовар шуд: Бо ин ҳол, тавонмандӣ ва қудрати мушакҳои Эрон як воқеияти инкорнопазир, дақиқ ва даҳшатнок барои ҳар таҷовузкор аст.
Сафири Эрон дар Маскав қайд кард: Ба назар мерасад Трамп дар рақобатҳои интихоботии Амрико фирор ба пеш кардааст ва мехоҳад аз ин қудрати боздории воқеии мо барои тасфияҳисобҳои сиёсии дохилӣ бо рақибони демократаш дар Калифорния истифода кунад!
Вай афзуд: Тавсия медиҳем ба ҷои тарҳи ин гуна достонҳои беасос ва харҷ кардан аз номи Эрон (дар ҷараёни суханронии интихоботӣ дар иёлати) Небраска, фикре ба ҳоли ҳалли буҳронҳои дохилии худашон кунанд.
Your Comment